Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба рӯи ҳомиладорони гирифтори COVID - 19 баста шуд: куҷо раванд?

CC0 / Pixabay / Беременная женщина, архивное фото
Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зоишгоҳи шаҳри Кӯлоб минбаъд ҳомиладороне, ки гирифтори маризии коронавирус мебошанд, қабул намекунад

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дастур додааст, ки минбаъд зоишгоҳи шаҳрии шаҳри Кӯлоб аз қабули занони ҳомила, ки гирифтори вируси COVID - 19 мебошанд, даст кашанд, хабар медиҳад нашрияи Пайк.

Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фавти модару кӯдак ҳангоми таваллуд: падар аз беаҳамиятӣ мегӯяду табибон аз "илтиҳоби шуш"

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Кӯлоб се зани ҳомилаи гирифтори коронаиврус бистарӣ мебошанд, ки пизишкон дар табобати онҳо оҷизӣ мекашанд.

Ба изҳори сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб Абдукарим Шокиров, ба далели набуди мутахассиси гинеколог, табобати ин се мариз бо мушкилӣ ҷараён дорад.

Табибон: дар карантин кӯшиши кӯдакдор шуданро накунед

Зимнан, сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров, ки ҳамзамон муовини раиси ситод бар зидди коронавирус аст дар сӯҳбати телефонӣ бо ин нашрия изҳор доштааст, ки  пайи кушодани таваллудхона талош дорад.

Мавсуф инчунин гуфтааст, ки дари таваллудхонаро барои занони ҳомиладори коронавирус барои он бастаанд, ки дар тамоми муддати беморӣ ҳамагӣ ду зани ҳомиладор бо коронавирус бистарӣ шудаанд, ки кам аст.

"Ба андешаи мо, агар як нафар ҳам мебуд кам нест, балки зиёд аст, чунки гап сари насли ояндаи миллат меравад. Ҳатто агар ягон зани ҳомиладор ҳам гирифтори коронавирус намешуд, палатаҳои алоҳида ва муҷаҳҳаз дар таваллудхона бояд омода мебуданд", - афзудаст Ғаюров.

Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир, ки ҳамзамон раиси ситоди мубориза бар зидди коронавирус маҳсуб мешавад, ваъда додааст, ки имрӯз назди вазири тандурустӣ даромада қазияро шарҳ медиҳад.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки ҳол дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб 18 нафар гирифторони маризии коронавирус бистарианд ва муолиҷа мегиранд. Аз 18 нафар маризони коронавирус ,3 - тояш занони ҳомила мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0