20:44 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1047 0 0

Дирӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи вобаста ба Нақшаи кори Ҳукумати кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар зимни ҷаласа таъкид доштааст, ки бо мақсади иҷрои Барнома дар солҳои 2016-2019 барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, соддагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш як қатор тадбирҳои назаррас амалӣ гардиданд.

“Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумат баъди муҳокима лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамчунин аъзои Ҳукумат стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи амнияти озуқавории Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шудааст, ки зимни баррасии масъалаҳо Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулони соҳаҳои дахлдорро барои таъмини иҷрои босифату саривақтии Нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба тақвияти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон ва соли хониши 2020-2021, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосили ғаладона ва захира намудани маводи озуқа, мунтазам гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар бинову иншооти давлатию ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ва истиқоматӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳали саривақтии масъалаҳои вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон дода шуд.

Барчаспҳо:
Ҳукумат, маҷлис, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ