02:55 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3111 0 0

Ахиран сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст, ки 110 шаҳрванди эронӣ тариқи як ҳавопаймои ширкакти “Киш Эйр” аз Тоҷикистон ба ватани худ бозгаштанд

ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Форс” Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон аз бозгашти 110 шаҳрванди эронӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон хабар додааст.

Муҳаммадтақии Собирӣ ба ин муносибат дар саҳифаи “Твиттер”-и худ навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои сафорати Эрон дар Душанбе ва дар ҳамроҳи бо мақомоти Тоҷикистон дувумин гурӯҳ аз ҳамватанони эронӣ (110 нафар), ки дархости муроҷиат ба кишварамонро доштанд, асри панҷшанбе бо парвози фавқулодаи ширкакти ҳавопапаймоии “Киш Эйр” ба мейҳан бозгаштанд.

 Ҳамзамон манбаъ аз сафорати Эрон ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки бо ин ҳавопаймо аз Эрон теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан санаи 12 май низ бо талошҳои сафорати Эрон дар Тоҷикистон 137 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурии исломӣ бо парвози ихтисосии ширкати ҳавопаймоии “Вориш” ба ватанашон бозгашта буданд.

Барчаспҳо:
ҳавопаймо, бозгашт, сафир, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ