01:18 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад, қайд мекунад президенти Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфтааст.

"Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям", - омадааст дар паёми раисҷумҳур.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт, таъкид мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

"Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад" - афзудааст вай.

Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро бо Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям. Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз, омадааст дар фарҷоми паёми раисҷумҳур.

Мавзӯъҳои асосӣ