Шарҳи ҳукумати Хоруғ дар бораи хабар ва акси "гирдиҳамоӣ барои иҷозат надодани футбол"

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Хоруғ бо нашри як иттилоия хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи онро, ки гӯиё ҷавонони шаҳр ба далели иҷозат надодани футболбозӣ даст ба гирдиҳамоӣ задаанд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иброз менамояд, ки ягон сохтори шаҳрӣ чунин гирдиҳамоиро мушоҳида накардааст, хабар дод Анвар Акрамов, мудири бахши робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳақиқатро бояд гуфт: суҳбати раиси ВМКБ аз беморони бистаришудаи охир ва лағви маҳдудият

"Ин аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, акси солҳои пеш мебошад, ки баъди тамом шудани бозии футбол ҷавонон аз варзишгоҳи марказии Хоруғ ба самти маҳаллаҳои худ раҳсипор гардидаанд. Рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ ҳаво хеле гарм буд, лекин дар акс аксарият ҷавонон либоси гармро ба бар намудаанд. Ин нишонаи он аст, ки акс акси солҳои пеш мебошад", - шарҳ дод Акрамов бо нашри як иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки айни ҳол варзишгоҳи марказии шаҳр дар таъмири асосӣ қарор дорад.

Акрамов таъкид кардаст, ки дар рӯзҳои аввали авҷи бемории нави коронавирус бо ҷавонон суҳбатҳо дар бораи то як муддат маҳдуд намудани бозиҳои варзишӣ анҷом дода шуданд. 

"Дар воқеъ ҷавонон ин маслиҳатро ба хубӣ дарк намуда, дар як муддат ба ҷойи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ хизмати ризокориро ба табибону беморон пеша намуданд. Дар он рӯзҳои душвор хеле хуб аëн буд, ки дар ҳар як кӯчаву паскӯчаҳои Хоруғ, бозору марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ризокорон бо маҳлули безараркунанда мушоҳида мешуданд", - таъкид намуд сухангӯи шаҳрдории Хоруғ.

Ин шарҳи ҳукумати Хоруғ дар ҳолест, ки бар асоси хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯиё гуруҳи ҷавонони маркази ВМКБ ба далели баста будани майдони футболбозӣ бо нишони эътироз даст ба гирдиҳамоӣ задаанд.

Лентаи хабарҳо
0