14:06 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
481 0 0

Ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар назди нозироти андози шаҳр зиёда аз 117 миллион сомонӣ қарздор мебошанд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Убайдулло Қурбонов, муовини роҳбари нозироти андози шаҳри Кӯлоб аз 117 миллион қарзе, ки ташкилоту идора ва корхонаҳо дар назди нозироти андози шаҳр доранд, 20 миллиону 38 ҳазору 680 сомониаш қарзҳои ҷорӣ буда, боқӣ 97 миллион қарзҳои мушкилситон ва баҳснок  мебошанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи обу корез 9 миллион сомонӣ, ҶСП “Сомон Кӯлоб Тоҷиказот” 1 миллиону 990 ҳазор сомонӣ,  Корпоративи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 миллиону 874 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳои буҷетӣ 2 миллиону 925 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд.

Боздошти корманди андоз: барои ҳалли санҷиши андоз 21 ҳазор сомонӣ гирифтааст

“Барои баргардонидани қарзҳо аз корхонаҳои мазкур тамоми чораҳо андешида шудааст”, – зикр кард Убайдулло Қурбонов.

Ҳамзамон вай афзуд, ки дар 5 моҳи соли равон даромади буҷети ноҳия беш аз 89 дарсад иҷро шудааст.

Барчаспҳо:
шаҳр, қарздор, андоз, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ