15:21 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
361 0 0

Раиси вилояти Хатлон ахиран ба ноҳияи Данғара сафар кард ва аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи касалиҳои сироятии ин ноҳияи ошно шуд

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо масъулони сохтмон ба аҳамияти зиёди бунёди беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сирояти нави коронавирус таъкид намудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси вилоят барои пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани беморхона дастур додааст.

Бояд қайд кард, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, масъулияти пешбурди умури сохтмониро дар иншооти мазкур ширкати “Хизматрасон” ба уҳда дорад.

Бинои мазкур барои 200 кат пешбинӣ шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Тибқи нақша, сохтмони беморхонаи сироятии Данғара соли 2021 ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориши қатъӣ дода буд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлолият бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
сироят, сохтмон, беморхона, Данғара, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ