03:09 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Терроризм ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин, зарари молию ҷонию маънавиро ба сар меорад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Парвина Маликзод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як мақолаи худ, ки ахиран дар сомонаи парлумон ба нашр расидааст, қайд кардааст,  терроризм хушунату нобоварӣ ва бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ ба миён оварда, барои бартараф намудани оқибатҳои он заҳмату зиндагии як насл камӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакили парлумон, воқеаҳои сиёсии солҳои охир нишон додааст, ки камогоҳӣ, сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияту рафти ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум, метавонад ба вусъатёбии ақидаҳои ифротӣ табдил ёфта, ҳамзамон ба амнияти давлат ва сохти конститутсионии он хатар эъҷод кунад.

Терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон чист? Шарҳи полковник Бухоризода

“Ба ин хотир, мо вакилони мардуми вазифадорем, ки ба интихобкунандагони худ пайваста аз воқеаҳои номатлуб ва хатарҳои терроризм вохӯриҳо гузаронида, онҳоро ҳар чӣ бештар огоҳ намоем”, - гуфт вакили парлумон.

Вай инчунин зикр кард, ки ҷаҳони муосир имрӯз дар муқобили терроризм қарор дорад. 

“Онҳое, ки фирефтаи садои воизони маъруф буданд ва таҳти тарбияи эшон таълим гирифтаву барои идома додани дониши динии худ ба кишварҳои араб рафтанд, чӣ натиҷае ба даст оварданд, мисол шуда метавонанд. Бахусус, аз солҳои аввали истиқлолият то чанд соли охир як қатор ҳамдиёрони мо дар кишварҳои Покистону Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Яман, Сурия ва дигар ҷумҳуриҳои арабӣ донишгоҳҳои диниро хатм намуда, ба гурӯҳҳои барои ҷомеа хатарзо пайвастанд”, - таъкид дошт Парвина Маликзод.

Вай илова кард, ки дар марказҳои таълимии хориҷӣ дар баробари таълимоти динӣ, ба ҷавонон методҳои муносибат бо моддаҳои тарканда, истифодаи намудҳои гуногуни силоҳ низ омӯхта мешуданд.

“Ин оқибат ба он оварда расонид, ки дастаҳои алоҳидае зуҳур карданд, ки бо баҳонаи таҳсил ҷавонони бесаводро баҳри гирифтани таълимоти террористӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон менамоянд”.

Вакил афзудааст, ки ин раванд танҳо барои истифода ва бадном намудани ислому бандагони бехирад аст.

Барчаспҳо:
мубориза, терроризм, ҳамла, парлумон, вакил, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ