04:42 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1568 0 0

Бино ба додаҳои созмонҳои собиқадорони ҷанги Афғонистон, дар замони гирудор бо “вируси корона” 12 ҷанговари башардӯст аз маризиҳои гуногун фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳоди ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар замони ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” дар қатори дигарон ҷанговарони башардӯст низ дар гӯшаву канори кишвар ҷонҳои худро аз даст додаанд.

“Мо теъдоде аз ҳамразмони собиқи худро дар Суғду Хатлон, Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва Бадахшон аз даст додем. Албатта, аз “вируси корона” фавтидани онҳо маълум нест, аммо аксари онҳо аз маризиҳои сактаи қалбу илтиҳоби шуш ва дигар маризиҳои дарунӣ вафот кардаанд”, - гуфт Шавкат Мирзоев.

Раиси Иттиҳоди ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон аз ироаи феҳристи комили фавтидагон худдорӣ кард, аммо аз ду чеҳраи шинохта - полковник Азизбек Бокиев, асосгузори аввалин Иттиҳоди собиқадорони амалиёти ҷангии Тоҷикистон (5 апрели 1968 – 2 майи 2020) ва Ҷавҳаршоҳ Шарипов, муовини раиси Иттиҳоди ҷанговарони башардӯсти шаҳри Ваҳдат (20 марти 1952 – 21 майи 2020) ном бурд.

Дар Тоҷикистон се созмони ҷанговарони башардӯст - Иттиҳоди ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон, Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон таҳти роҳбарии Суҳробшоҳ Олимов ва “Маъюбони ҷанги Афғонистон” бо раисии Ҳикматулло Мирзоев фаъоият мекунанд. 

Бино ба маълумоти онҳо, дар миёни фавтидагони замони мубориза бо “вируси корона” ду генерал, ки таҷрибаи ҷанг дар Афғонистонро доштанд, низ буданд.

Аввалӣ, генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазир ва фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон 17 май дар синни 70 – солагӣ аз сактаи қалб дар шаҳри Кӯлоб ва дуввумӣ, генерал - майор Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори собиқи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30 май аз илтиҳоби шуш дар шаҳри Бохтар бо зиндагӣ падруд гуфтаанд.

Аввалин фарде ҳам, ки пас аз эълони аввалин мавориди “вируси корона” дар шаҳри Истаравшан фавтид, тарҷумон Сайфулло Файзуллоев буд, ки раиси Шӯрои собиқадорон ва дар гузашта раиси шуъбаи кумитаи дини ин шаҳр буд ва 3 май аз илтиҳоби шуш даргузашт.

Тибқи иттилои созмонҳои собиқадорони ҷанги Афғонистон, дар ин ҷанг аз Тоҷикистон 15 ҳазору 203 сарбозу афсар ва тарҷумону мушовир ширкат карда, 366 нафар ҳам дар он кишвар ҷонҳои худро аз даст додаанд. Бино ба иттилои онҳо, ҳоло дар Тоҷикистон аз 7 то 9 ҳазор собиқадори ҷанги Афғонистон зиндагӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
вируси нав, даргузашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ