04:36 07 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.68
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141210

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос мешавад ва бо коргарон ва сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дода мешаванд.

Барчаспҳо:
сафар, Хуҷанд, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ