03:40 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
379 0 0

Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва як қатор иншоотҳои дигарро дидан ва ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа, дар ҳамин ҷо Парчами миллиро парафшон намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Гуфта шудааст, ки баландии Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки давоми чанд соли охир дар аксари ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Парчами давлатӣ қомат афрохта аст.

Инчунин раисҷумҳур дар деҳоти Хиставерз бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Абдуғаффор Ҷабборов”-шинос шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки хоҷагии мазкур аз соли 2007 инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Зимни боздид аз хоҷагии мазкур, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар ҳамчунин аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.

Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зиёд намудани маҳсулот ва содироти он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон совершает рабочую поездку в Согдийскую область
пресс-служба президента РТ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон совершает рабочую поездку в Согдийскую область

Дар навбати худ деҳқонон, ваъда доданд, ки кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ба фермаи паррандапарварии ширкати  “Чӯҷаи Байзо”-ро ифтитоҳ кард.

Манбаъ қайд кардааст, ки фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст.

Корхонаи мазкур дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки танҳо дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли 2019 агар 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардид.

Манбаъ зикр кардааст, ки бо ба истифода додани фермаи паррандапарварии ҶДММ “Чӯҷаи Байзо”, воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад.

Мавзӯъҳои асосӣ