13:51 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз сешанбе авали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1510 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3084 то 10.3100  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5640 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи нишондодҳои ҳавфтаи ахир, ки арзиши рубл дар бозори асъори кишвар поин шуда буд, имрӯз каме боло рафтааст. Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1500 то 0.1525 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1485 то 0.1530 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1495 то 0,1525 сомонӣ нишон дода шудааст.

Арзиши рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Мавзӯъҳои асосӣ