15:32 25 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0

Президент ба соҳибкорон маслиҳат дод, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари корӣ ба Суғд аз намоиши зардолуву асал дидан кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дар гузорише, ки дафтари матбуоти президент аз ин боздид нашр кардааст, дида мешавад, ки раисҷумҳур намоишгоҳро тамошо карда, дар ҷое зардолу ҳам меафшонад.

Тавре манбаъ менависад, дар ин намоиш соҳибкороне низ иштирок доштанд, ки коргоҳҳо кушода, ба коркарди зардолу машғуланд.

Президент ба фаъолияти онҳо баҳои баланд додааст.

"Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхонаҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкорон маслиҳат дод, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Амалӣ намудани ин иқдом пеш аз ҳама ба рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии сокинон, хусусан онҳое, ки ба боғпарварӣ машғуланд, нақши бориз хоҳад гузошт", - менависад манбаъ.

Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат 18 ҳазору 828 тонна мева, аз ҷумла беш аз 4 ҳазору 554 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба 13 ҳазору 516 тонна расидааст, ки аз ин нишондод ҳудуди 3 ҳазору 300 тоннааш зардолу мебошад.

Имрӯзҳо дар боғоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ҳосили зардолу идома дорад. Тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, то охири мавсим бояд дар маҷмӯъ 107 ҳазору 880 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад.

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ