15 "бокал" нӯшидаму мошин меронам: ҳабси ронандае, ки гуфт корманди мақомот аст - видео

© МВД по городу ДушанбеЗадержанный водитель в Душанбе
Задержанный водитель в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як ронанда дар Истагарм ҳангоми пахши мустақим мегӯяд, ки шаҳодатномаи махсус дорад ва ба ӯ дар роҳ бо суръати баланд ҳаракат кардан ва машрубот нӯшида сари чамбараки мошин нишастан мумкин аст. Милисаҳои Душанбе ин ронандаро пайдо карда, ҳабси маъмурӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохила дар Душанбе ҷавонеро барои иснод овардан ба шаъди мақомотҳои давлатӣ боздошт кардааст.

Тавре манбаъ менависад, як нафар корбари саҳифаи иҷтимоии Инстаграм бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, то ронандаи воситаи нақлиёти дар он инъикосёфта мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Тавре худи ронанда дар навори ирсолнамуда мегӯяд, ӯ 15 қадаҳ  машруботи спиртӣ нушида, воситаи нақлиётро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи (удостоверение) махсусе аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.

Ҷиҳати таҳқиқи навори мазкур ва муайян намудани шахсияти ронандаи дар навор инъикосёфта кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, ӯ ва автомашинаашро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.

Рустам Эмомал принял участие в посадке деревьев - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи боздошти ронанда барои шикастани дарахт: "Сирена"-ро Рустам Эмомалӣ шинонида буд

"Дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Ҷумъаев Азаматқул Худойқулович соли таваллудаш 19.04.1989 сокини шаҳри Душанбе буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсиаш, тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст зада, ба хотири худнамоӣ ва бартарӣ пайдо намудан дар байни дигар истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим  баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

"Шумораҳои воҳима": боздошт ва муҷозоти 29 ронанда - видео

 Зимни пурсиши номбурда ва санҷиши ҳамаҷониба муайян карда шуд, ки ронандаи дастрасгардида Ҷумъаев Азаматқул дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва ба соҳибкорӣ машғул будааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбаташ парвандаи маъмурӣ барои паҳн намудани хабари бардуруғ оиди фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомотҳои давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0