22:13 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275 0 0

Вазири умури хориҷат Тоҷикистон ва котиби давлатии Амрико тариқи алоқаи конфронси видеоӣ гуфтушунид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Вохӯрии навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – Амрико” (“С5+1”) тариқи алоқаи конфронси видеоӣ имрӯз, 30-юми июн баргузор мешавад.

Тавре Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, дар машварат корӣ ба ҷуз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, бо котиби давлатии Амрико Майкл Помпео инчунин вазирони умури хориҷаи Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Туркманистон - Рашид Мередов ва Ӯзбекистон - Абдулазиз Комилов иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин машварат баррасии масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, густариши робитаҳои мутақобилаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Амрико дар назар аст.

Барчаспҳо:
баррасӣ, гуфтушунид, конфронс, гуфтугӯ, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ