15:23 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Раисҷумҳур ҳангоми сӯҳбат бо ятимон аз онҳо даъват кардааст, ки илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда дар намонанд ва тавонанд зиндагии худро пеш баранд

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Хистеварз бо чанде аз ятимон сӯҳбат кардаву ба онҳо ҳадяҳо додааст.

Тавре дафтари матбуоти президент менависад, раисҷумҳур бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардааст.

"Аснои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгирии табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа буда, минбаъд ҳам тамоми кушишҳо ба харҷ дода мешавад, ки вазъи зиндагии чунин нафарон беҳтару хубтар гардад", - омадааст дар гузориши котиботи президент.

Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасонро даъват кардааст, ки бештар хонанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда тавонанд рӯзгори худро пеш баранд ва дар рушди бештари Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ