14:55 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1139 0 0

Дар Карор дарҷ гардидааст, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешанд шавад

ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат имзо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори мазкур бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 "Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ" ба имзо расидааст.

Тибқи он, муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молия, раёсати тандурустӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор маблағгузории хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба роҳ монанд.

Инчунин, дар Карор дарҷ гардидааст, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъйин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешанд шавад.

Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

"Аз ҳисоби сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур ва пурра фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ва механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҷалби фаъолони ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд", — гуфта мешавад дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.

Мавзӯъҳои асосӣ