02:38 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
647 0 0

Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд бо нашри як эълони расмӣ аз сокинон даъват намудааст, ки дар ошкорнамоии истифодаи ғайримақсадноки кӯмакҳои башардӯстона, ки барои паст кардани падемияи COVID – 19 равона шуда ба ин ниҳод хабар диҳанд

ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Ин эълони Ожонсии мубориза бо коррупсия аз тариқи телевизионҳои маҳаллии Хуҷанд ба самъи сокинонон расонида шудааст.

“Ба таваҷҷӯҳи сокинони вилоят расонида мешавад, ки агар ҳолати ғайримақсаднок истифода шудани кӯмакҳои башардӯстонаро, ки барои паст кардани вируси COVID - 19 равона карда шудаанд, мушоҳида намоед, ҳатман ба телефони боварӣ ва суроғаи электрониву мобилии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд занг зада хабар диҳед”, омадааст дар эълони Ожонсӣ.

Бар пояи эълони расмии ин ниҳод ба ҳисоби телефони боварӣ почтаи электронии sugd@ anticorruption.tj ва месенҷерҳои viber ва whatsapp дар рақами + 992 000021541 барои саривақт ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъол будааст.

Зимнан ин аввалин эълони расмӣ бо ироаи месенҷерҳои интернетӣ ба шумор меравад, ки Ожонсии давлатии зидди фасод дар ошкорнамоии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ сокинонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ахиран, рӯзи 8-уми июн аз боздошти Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар доданд.

Бар пояи иттилои расмӣ қабл аз боздошти Иноятзода, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии раиси шаҳри Кӯлоб, Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи раиси ҳамин шаҳр, Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Бар пояи иттилои АМИТ “Ховар” дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳр содир намудаанд.

"Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Баҳром Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд", иттилоъ дода буд, “Ховар”.

Боздошти раиси шаҳри Кӯлоб аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифт ва тафтиши парванда алайҳи Иноятзодаро ин ниҳод дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ пеш мебаранд.
Бо гузашти беш аз бист рӯз аз боздошти раиси шаҳри Кӯлоб мақомот то ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти парвандаи ӯ хабар надодаанд.

Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки кӯмакҳои башардӯстона оиди пешгирии пандемияи COVID -19 баҳсҳои доманадоре чарх мехурд.

Мавзӯъҳои асосӣ