Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид

Обуна шудан
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд раисҷумҳури кишвар ба шаҳри Хуҷанд омад ва аз фаъолияти корхонаи “Сирдарё” ошно шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон ба корхонаи “Сирдарё” соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта буд, ташриф овард.

Открытие районной больницы №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Деваштич беморхонаи табиберо ифтитоҳ кард, ки ваъдаашро иҷро карду фавтид

Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Дар ин корхона истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин васлу насб гардидаанд.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корхонаи “Сирдарё” бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.

“Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад” , - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии “Мерси Баку” мавқеи худро пайдо намудааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат ба банду басту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.

Афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавот будааст.

Лентаи хабарҳо
0