Сафорати Тоҷикистон дар Русия: барӯйхатгирии хоҳишмандони бозгашт ба ватан қатъ мешавад

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMСамолёт компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолёт компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия муваққатан қатъ карда мешавад, менависад сафорат

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон ба ҳамватанони бурунмарзӣ хабар додааст, ки сафорат барӯйхатгирии хоҳишмандони бозгашт ба ватанро муваққатан қатъ мекунад.

Тавре манбаъ менависад,  бо супориши Вазорати корҳои хориҷӣ, дар Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия аз 19 июни соли 2020 баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашти минбаъда оғоз шуд.

Сафорат таъкид мекунад, ки дар ин муддат теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод.

"Аз ин ҳисоб пеш аз ҳама беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Россия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба руйхат гирифта мешаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

Гуфта мешавад, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба шахсоне, ки тибқи руйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои "Тоҷик-Эйр" ва "Сомон-Эйр", телефонӣ хабар медиҳанд.

"Зимнан, бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия муваққатан қатъ карда мешавад", - омадааст дар анҷоми эълони Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

Лентаи хабарҳо
0