04:09 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Дар Тоҷикистон суғурта барои воситаҳои нақлиёт аз монополияи ду ширкат “Тоҷиксуғурта” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ” берун карда шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон то ин дам танҳо ширкати “Тоҷиксуғурта” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ” ҳақ доштанд, ки воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро суғуртаи ҳатмӣ кунанд, аммо акнун ин монополия аз байн рафт, дигар сар ҳамаи ширкатҳои суғурта ба ин кор даст зананд.

Маҷлиси намояндагон ахиран тарҳи нави қонун “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”-ро тасвиб кард. Яке аз бахшҳои муҳими санад ин бекор кардани монополияи суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Тавре сомонаи pressa.tj навиштааст, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ дар парлумон гуфт, ки набудани танзими комил боиси маҳдуд шудани рақобати солим дар бозори ҳатмии нақлиёт шудааст.

Дар асоси тарҳи нави қонун, ширкатҳое, ки мехоҳанд суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд, бояд на кам аз 10 миллион сомонӣ сармоя дошта бошанд. Инчунин, ширкатҳои суғурта бояд маблағи пардохти зарар ба ҳаёт ва саломатиро аз 5800 сомонӣ то 31 610 сомонӣ зиёд кунанд.

Ҳаҷми ҷуброни молу мулки ҷабрдидагон ҳам аз ҷониби ширкатҳо бояд аз 2900 сомонӣ то 15 834 сомонӣ зиёд карда шавад.

Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон 18 ширкат ба суғурта машғул ҳастанд.

Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, агар ронанда суғуртаи ҳатмӣ надошта бошад аз ҷониби кормандони БДА ҷарима мешавад.

Барчаспҳо:
восита, монополияи бозори сӯхт, нақлиёт, суғурта, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ