Дастури Президент: дар Душанбе намояндагии Донишкадаи Сингапур ифтитоҳ мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на встрече со студентами Таджикистана. 26 июня 2015 года
Эмомали Рахмон на встрече со студентами Таджикистана. 26 июня 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марҳилаи аввал дар филиали донишкада таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе филиали яке аз донишкада Сингапур ифтитоҳ мешавад.

Дар ин бора байни донишгоҳи мазкур ва шаҳрдории Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкадаи идоракунии рушди менеҷменти Сингапур (MDIS)таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ) ба роҳ монда мешавад.
Торжественное открытие РЦНК в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд филиали Маркази илмиву фарҳангии Русия ифтитоҳ ёфт

Минбаъд,  дар сурати ба миён омадани зарурат ва ниёзмандиҳои   дигар, ихтисосҳои нави таълимӣ  таъсис дода мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956  таьсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таьсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад.

Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон,  амсоли  Франсия, Британияи  Кабир, Австралия ва  Амрико буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби  шӯроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.

Айни замон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) беш аз 15 000 муҳассилин аз рӯи 26 —  ихтисос таълим мегиранд, ки аз ин шумора беш аз 4000 нафарашон  намояндагони  62 давлати ҷаҳон мебошанд.

Фонтан возле памятника Рудаки в Худжанде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пушкин дар Душанбе, Рӯдакӣ дар Маскав: ифтитоҳи нимпайкараи Рӯдакӣ дар донишгоҳи Ломоносов
Ҷараёни  тадрис дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳҳои Синдерланд ва Бангори Британия Кабир, ки мутобиқ ба сифати стандарти байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ низ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси Сингапур, донишгоҳҳои Синдерланд, Бангор ва Станфорди Британияи Кабир ва дигар мутахассисони варзидаи марказҳои муосири илмомӯзии ҷаҳон пурра гардида, дар раванди таълим усулҳои ҳозиразамон ва муштараки таҳсил фаъолона истифода бурда мешаванд.

Барои дохил шудан ба Донишкада курсҳои 6-моҳа ва 10-моҳаи омӯзиши забони англисӣ амал мекунанд.

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар  Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ва ғайра кампусҳои таълимии худро бунёд намуда, тасмим гирифтааст, ки барои  Тоҷикистон дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва технологияи иттилоотӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосирро омода намояд.

Лентаи хабарҳо
0