10:41 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52500

15 июл соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мегардад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, дар ин бора қарори вижаи раиси шаҳр ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 ва ғайраҳо аз дигар масъалаҳое мебошанд, ки дар иҷлосияи мазкур баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода  мешавад.

Маҷлиси миллӣ розигӣ дод: масоҳати Душанбе 7,7 ҳазор га васеъ мешавад

Мутобиқи қарор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 то 13 июли соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод менамоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ