02:45 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)
176 0 0

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Швейтсария дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Инятсио Кассис, вазири умури хориҷаи Швейтсария гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни гуфтугӯи телефонӣ дар бораи мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла охирин вазъияти вируси корона дар минтақа ва вазъияти феълии равобити дуҷониба байни ду кишвар табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни гуфтугӯ,  аз иқдомҳои пешгирифтаи давлат барои пешгирии вируси корона ва кумаки шарикони Тоҷикистон, аз ҷумла давлати Швейтсария дар пирӯзӣ бар паёмадҳои он ишора кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҷонибҳо бори дигар бар тааҳҳуди худ дар муборизаи муштарак бо корона  таъкид карданд ва бар лузуми густариши ҳамкориҳои мутақобил дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ишора карданд.

Ҳамчунин, дар идома вазирони умури хориҷаи ду кишвар иҷрои тавофуқномаҳои бадастомада дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Швейтсария дар таърихи 5-6 ноябри 2019 - ро баррасӣ карданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (699)
Барчаспҳо:
Швейтсария, вирус, гуфтугӯи телефонӣ, гуфтугӯ, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ