21:04 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, ки шаҳрвандони кишвар, ки дар Беларус ва Украина ба далели шуюи вируси корона банд монда буданд, бо ҳавопаймои махсус аз шаҳри Минск ба Ватан оварда мешаванд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Масъулини вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон карданд, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои бозгардонии шаҳрвандони тоҷик ба шаҳри Минск парвози махсус анҷом хоҳад дод.

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Тоҷикистон 10 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина метавонанд муроҷиат кунанд.

Ҳамзамон ВУХ Тоҷикистон таъкид доштааст,ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба шаҳри Минск парвоз намоянд. 

Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Русия аз тамдиди мамнуият бар вуруди атбои хориҷӣ ба Русия то аввали августи соли равон хабар дод.

Ҳамзамон вазорати ҳамлунақли Русия низ эълом кардааст, ки азсаргирии парвозҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест ва дар ин бора тасмиме гирифта нашудааст.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона аз 20 марти соли равон манъ шуд ва ду кишвар барои хориҷ кардани атбои худ чанд парвози чартерӣ анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки ба далели манъӣ парвозҳо даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натавонистанд ба Русия барои кор сафар кунанд.

Барчаспҳо:
парвоз, Минск, ҳавопаймо, вирус, Украина, Беларус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ