10:22 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1023 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор рӯзи 15 июл дар пойтахт ҷаласаи вакилони шаҳрро даъват кардааст, ки дар он роҳандозии низоми нави таъминоти барқ баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, гузаштан ба низоми биллингӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа дар Душанбе хоҳад буд.

“Яке аз масъалаҳо дар бораи рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака мебошад”, - хабар дод манбаъ.

Низоми биллингӣ  дар Душанбе, ки дар назар барқ тариқи пешпардохт таъмин шавад, бо харҷи наздики 900 миллион сомонӣ дар пойтахт амалӣ мегардад.

Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи “Авесто гуруҳ”, ки роҳандозии низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо харҷи наздики 880 миллион сомониро ба уҳда гирифтаст, қаблан гуфт, насби ҳисобкунакҳо ройгон сурат хоҳад гирифт.

Дар доираи низоми биллингии таҳиякардаи ширкати “Авесто гуруҳ” танҳо дар ноҳияи Сино насби 95 ҳазор дона ҳисобкунак бо харҷи умумии 340 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ дар Душанбе насби 250 ҳазор ҳисобкунак пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 880 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

Барои татбиқи низоми биллингӣ, ки барқ тариқи пешпардохт ироа мешавад, Ҳукумат созишнома бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро имзо карда, Маҷлиси намояндагон аввали соли равон ба тасвиб расонд.

Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки “Авесто Гурӯҳ” вазъи низоми энергетикии Душанберо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омӯхта, барои татбиқи низоми биллингии миллӣ иқдом гирифтааст.  

Ӯ иттилоъ  дод, “Авесто гуруҳ” азм дорад, бо ҷалби 88 миллион доллари худӣ низоми назорату ҳисоби пули барқро дар Душанбе пурра автоматӣ кунад.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар модели пешгирифтаи “Авесто гуруҳ” дар назар гирифта шудааст, ки ҳар сол муштариёни барқ се дарсад ва нархи барқ 5 дарсад афзоиш меёбад. Ин ширкат ният дорад, талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахт то 12 дарсад коҳиш диҳаду ҷамъоварии пули барқи истифодашударо дар сатҳи 99 дарсад таъмин созад.

Барчаспҳо:
барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ