Ҳукумат нақшаҳоро тағйир дод, парлумон пазируфт: вазир гуфт, вазъ пешгӯинашаванда аст

© Пресс-служба президента РТНовый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин
Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон нишондиҳандаҳои асосии рушди макроиқтисодиро бозбинӣ карда, нақшаи даромаду хароҷот ва касри буҷаро тағйир дод. Парлумон аз тағйирот ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, тағйирот ба буҷаи давлат дар соли 2020-ро муаррифӣ карда, бозбинии нишондодҳро ба хуруҷи COVID-19 рабт дод.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон - эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон 10 июл ба Минск парвоз мекунад

Вазири молия дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, тағйирот ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, зиёд гардидани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин, тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд то охири соли ҷорӣ, таҳия шудаанд.

“Таҳти таъсири равандҳои мухталиф дар сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва паёмадҳои пандемияи бемории сироятии COVID — 19 дар моҳҳои январ — майи соли 2020 суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз коҳиш ёфт ва дар робита ба вазъ, нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои воридот дар сатҳи 84,8 фоизи нақша ё 15,2 фоиз кам таъмин карда шуд”, - изҳор дошт вазир.

Ҳушдор аз коҳиши бесобиқа: вазири молия гуфт, вазъ пешгӯинашаванда

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли вазири молияи Тоҷикистон афзуд, ки “вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус пешгӯинашаванда буда, таъсири бевоситаи он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳо расида истодааст”.

Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, аксар коршиносони созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ коҳишёбии бесобиқаи иқтисодиёти ҷаҳониро пешгӯӣ намуда истодаанд.

“Аз ҷумла, роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор коҳиш­ёбии иқтисодиётро барои давраи миёнамуҳлат бештар аз таназзули иқтисодиёт дар солҳои 1929 — 1933 баҳодиҳӣ намудааст. Дар ин робита бояд қайд кард, ки тибқи баҳогузории охирини хазинаи мазкур соли 2020 коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ то 4,9 фоиз, аз ҷумла Россия 6,6 фоиз, минтақаи евро 10,2 фоизро ташкил дода, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой рушд танҳо 1,0 фоизро ташкил медиҳад”, - мисол овардаст вазир.

Пешгӯии созмонҳои байналмилалӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон

Дар идома зикр шуд, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2020 аз 5,5 фоизи қаблӣ то 1,0 фоиз, Бонки осиёии рушд аз 6,5 то 5,5 фоиз ва Хазинаи байналмилалии асъор 2 фоиз паст баҳодиҳӣ намудаанд.

“Вобаста ба вазъи баамаломада, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бознигарӣ карда шуд, ки тибқи он, коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, яъне аз 87,3 то 83,5 млрд. сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8 то 4,7 фоиз пешгӯӣ мегардад”, - иттилоъ дод вазир.

Коҳиши нақшаи даромад ва гранти 1.23 миллиардӣ

Ӯ илова кард, ки дар машварат бо созмонҳои молиявӣ — шарикони рушд, бо тағйири қонуни буҷа дар соли 2020,  нақшаи даромадҳои андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 2,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нақшаи азхудкунии маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ баробар ба 1,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва воридоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 81,0 млн. сомонӣ кам карда мешавад.

График на бирже, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

Вазири молия хабар дод, ки дар баробари ин, нақшаи воридоти грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 1 миллиарду 230 миллион сомонӣ сомонӣ зиёд карда мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода инчунин хабар дод, ки ҳамчунин, ҷиҳати маблағгузории эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ вобаста ба чорабиниҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 нақшаи хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҳисоби азнавтақсимкунии хароҷот, ба истилоҳ, консалидатсия ба маблағи 1,9 млрд. сомонӣ, пардохти кумакпулиҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ҳаҷми 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аз ҳисоби азнавтақсимкунии маб­лағҳо ҳаҷми хароҷоти маблағҳои мутамаркази буҷетӣ ба андозаи то 0,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда мешавад.

Касри буҷа: хароҷот аз даромад 3,1 миллиард зиёд мешавад

Вазири молия изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ соли 2020 бо дарназардошти ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет ба 23,6 млрд. сомонӣ (28,3 фоизи ММД) ва нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 26,0 млрд. сомонӣ (31,3 фоизи ММД) баробар мегардад.

“Бо дарназардошти тағйироти дар лоиҳа пешниҳодшуда, касри буҷет ба 3,1 млрд. сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мегардад. Касри мазкур аз ҳисоби ҷалби маблағҳои иловагии қарзию грантӣ, аз ҷумла маблағҳои қарзии Хазинаи байналмилалии асъор, маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд, маблағҳои қарзии имтиёзноки Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ рӯйпӯш карда мешавад”, - илова намуд Қаҳҳорзода.

Лентаи хабарҳо
0