02:16 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Дар пайи заминҷунбие, ки шанбеи гузашта дар ҷануби Тоҷикистон рух дод, дар чанд деҳаҳои ноҳия манзили сокинон қисман хароб шуд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар пайи заминҷунбӣ дар Тоҷикистон хоҷагии маҳаллӣ талафоти молӣ дид, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Заминларза рӯзи шанбеи гузашта дар шарқи Тоҷикистон рух додааст.

Бино бар иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологии кишвар, 4 июли соли равон, соати 14:52 дар ҳудуди кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 201 километрии шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод гуфта мешавад.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ, қисман манзилҳои сокинон дар қишлоқи Дараи Нушори ҷамоати қишлоқи Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати қишлоқи Ширинчашма  ва қишлоқҳои Ғанишобу Сафедоби ҷамоати қишлоқи Қалъаи лаби об қисман зарар диданд.

Селу жола дар Тоҷикистон: дар Душанбе манзили зист ва дар Тоҷикобод роҳ хароб шуд

Барои муайян кардани хисорот дар ҷойи ҳодиса комиссияи вижаи КҲФ кор мебарад.

Гурӯҳи кории кумита низ дар ҷои ҳодиса аст.

Хушбахтона, хисороти ҷонӣ нест.

Мавзӯъҳои асосӣ