20:20 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
586 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омили аслии сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол"-ро эълон кард.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 7 июл, соати 14:20 дар натиҷаи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар шифти ташнобхонаи ошёнаи чоруми бинои Маркази савдои “Ашан”, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Тибқи иттилои манбаъ, бо қабули хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 14 адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сафарбар карда шуданд.

“ Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнок аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф таҳлия карда шуда, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо ба зудӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш  хомӯш карда шуд.

Гуфта шудааст, ки гунаҳгори ҳодиса дар муҳлати кӯтоҳ муайян карда хоҳад шуд.

“Дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад”, - таъкид доштааст ВУД кишвар.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта дар пайи ин ҳодиса маъмурияти фурӯшгоҳ гуфта буданд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, сабаби сӯхтор дар ин бино шудааст. 

Барчаспҳо:
ВУД, шарҳ, фурӯшгоҳи занҷираӣ, маркази савдо, Ашан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ