02:53 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
257730

Имрӯз муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ доир ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт баргузор гардид, иштирок кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Азим Иброҳим, муовини сарвазири кишвар зимни ҷаласаи мазкур таъкид доштааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда на дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯй мебошад.

“Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, дар нимсолаи аввал иҷрои нақша чорабиниҳо дар ноҳияи И. Сомонӣ 54,4 %, Шоҳмансур 41,4%, Сино 41,1% ва Фирдавсӣ 37,4%-ро ташкил мекунад, ки қаноатбахш нест”, — изҳори нигаронӣ намуд Азим Иброҳим.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз масъулин сабабҳои қафомонии корҳоро  ба маҳдудиятҳо, эълон шудани пандемия ва паҳншавии бемории коронавирус рабт доданд.

Муовини Сарвазири ба ҳозирин қайд кардааст, ки нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бояд таъмин гардад.

“Хушбахтона имрӯзҳо қадам ба қадам зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ баргашта истодааст ва мо бояд тавассути самаранок ташкил намудани корҳо дар ҳама самтҳо қафомониҳоро бартараф сохта, чорабиниҳои банақшагирифташударо иҷро намоем”, — афзуд Азим Иброҳим.

Ҳамзамон, вай зикр кардааст, ки намои  шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонида истодааст, аммо, ҳамзамон ин сарбории иловагӣ ба инфрасохтори  мавҷудаи шаҳрдорӣ мебошад.

Муовини Сарвазири қайд кард, ки аз 4145 адад чорабиниҳои тасдиқгардида дар соли 2019 иҷрои 1826 чорабинӣ таъмин гардида,  иҷрои 1846 чорабинии дигар дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
истиқлолият, иштирок, Душанбе, ҷаласа, муовни сарвазир, сарвазир, нигаронӣ, Азим Иброҳим, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ