10:20 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
716111

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент раёсату шуъбаи навро ташкил карда, теъдоди кормандони дастгоҳро афзоиш дод

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси фармони ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон, дар сохтори Дастгоҳи Президент, Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот ташкил шуд.

Профессор Абдусамад Самиев
акс аз сомонаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия

Ҳадафи ташкили раёсат таҳкими таҳлили кор дар бахши маориф, фарҳанг ва иттилоот арзёбӣ шуда, раёсат ба ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди варзиш машғул мегардад.

Дар фармони раисиҷумҳур инчунин омадааст, ки бо ҳадафи баҳогузории дастовардҳои илмию фановариҳо ва истифодаи самаранокашон дар истеҳсолоти ватанӣ, дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, шуъбаи илму инноватсия таъсис дода мешавад.

Фармони Раҳмон барои зиёд кардани теъдоди кормандони дастгоҳи Президент

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин теъдоди ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент бидуни ҳайати хизматрасонро 347 нафар муқаррар карда, Вазорати молияро барои таъмини молиявӣ муваззаф намудааст. То соли гузашта теъдоди ниҳоии кормандони дастгоҳ 325 нафарро ташкил медод ва баъдан то ба 343 нафар ва акнун то 347 нафар зиёд карда шуд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон, дастгоҳи иҷроияи президент, фармон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ