09:40 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таҳти ҳимоят қарор додани Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори сомонаи “Азия плюс”, ки дар моҳи май дубор латукӯб шуд, худдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Ғурбатӣ ва корманди Эътилоф алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки Вазорати корҳои дохила ин мавзӯро муҳим намедонад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “ТОР Тҷ”.

Ба гуфтаи Шарифов, дар посухи расмии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ҳеҷ далели қатъӣ барои таҳти ҳимоят қарор додани Ғурбатӣ вуҷуд надорад.

Ёдрас мешавем, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори сомона “Азия плюс” авоили моҳи май дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе, дар ҳамлаи ду нафари ношинос ба шиддат зарба дид.

Вай ҳамчунин субҳи 29 май, ҳангоме, ки барои таҳияи хабар аз минтақаи селзадаи Хуросон ба вилояти Хатлон рафта буд, бори дувум мавриди ҳамла қарор гирифт.

Додгоҳи ноҳияи Хуросон дар пайи фишори созмонҳои байналмилалӣ ва маҳофили рӯзноманигории мустақил, се сокини ин ноҳияро ба иттиҳоми ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба пардохти ҳар як 580 сомонӣ ҷарима маҳкум кард, аммо омилони ҳамлаи нахуст ба ин хабарнигор шиносоӣ нашудаанд.

Барчаспҳо:
ВУД, ҳимоят, худдорӣ, латукӯб, хабарнигор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ