09:14 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
184 0 0

Даҳ сафири хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сафири Русия, Арабистони Саудӣ, Беларус, Украина, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизстон, Фаластин ба сайру гашти мавзеъҳои зебои Тоҷикистон бароманданд

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Баъди каме ба эътидол омдани вазъи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷ дар кишвар ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон баромадаанд. 

Дар ин бора хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ менависад,Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ аз минтақаи сайёҳии деҳачаи хаймагин "Camping Villagе"-и деҳаи "Саратоғ"-и ноҳияи Айнӣ боздид намуд.

Илова бар ин, сафирони Русия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизстон, Фаластин, созмонҳои байналмилалии САҲА ва Фонди Оғохон низ аз ин мавзеъ дидан кардаанд.

Гуфта мешавад, сафарҳои саёҳатӣ аз ҷониби Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати ватании "Скай Тур" ташкил карда шуданд.

Зебо, вале номаълум: Тоҷикистон дар феҳрасти нави кишварҳои гардишгарӣ

"Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои меҳмонон гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро ташкил кард, ки ба меҳмонон писанд омад", - афзудааст манбаъ.

Мавзӯъҳои асосӣ