15:12 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2961 0 0

Аввалҳои соли 2019 аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 126 ҳазор нафар эълом шуда буд. Ожонси омори кишвар омори нав гуфтааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардаст, ки дар поёни се моҳи нахусти имсол аҳолии кишвар ба 9 миллиону 361 ҳазор нафар расид.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо, дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ аҳолии Тоҷикистон бо афзоиши 45 ҳазор нафарӣ ба ин рақам расидааст.

Аввалҳои соли 2019 аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 126 ҳазор нафар эълом шуда буд.

Бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон миёнгини афзоиши солонаи ҷамъияти ин кишвар 2.1 дарсадро ташкил мекунад ва 30 сол қабл ин ҷумҳурӣ панҷ миллиону 400 ҳазор нафар ҷамъият дошт.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд то соли 2023 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар бирасад.

Раҳмон Улмасов- устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе ва коршиноси умури ҷамъият муътақид аст, ки миёни афзоиши омори зоду валад ва иштиғолзоӣ дар ин кишвар баробарӣ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи вай ҳамасола 180 то 200 ҳазор нафар неруи нав вориди бозори кори Тоҷикистон мешавад, ки теъдоди ночизе аз онон метавонанд умедвор ба пайдо кардани шуғл бошанд ва бештари онон роҳии Русия мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ