15:10 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дар Тоҷикистон 37 бюро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз тарафи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд. 

Дар шаш моҳи  соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба 3 ҳазору 916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2 264 зан, 1 651 мард ва 146 маъюб мебошанд, хабар додаст "Ховар" аз нишасти матбуотии Вазорати аддлия.

Манбаъ афзуд, дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зўроварӣ дар оила гузаронида шуданд, ки дар онҳо  1 231 шаҳрванд иштирок кард.

Ҳамзамон  машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.

Таъкид шудааст, ки тайи 6 моҳ ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса  898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
марказ, таъсис, ёрии ҳуқуқӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ