05:04 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1033 0 0

Прокурори генералӣ дар бораи маризии худ дар замони “вируси корона” ва ҷиноятҳое, ки дар ин давра содир шудаанд, иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, ки имрӯз, 14 июл, дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ суҳбат мекард, гуфт, шахсан бо ташхиси пневмония ба бемористон афтода, як муддат табобат гирифтааст.

“Табобат аз ҷониби пизишкон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. Шахсан ман қисман доруҳоро худам дастрас кардам ва як қисми дигарашро беморхона ройгон дод. Аксари доруҳое, ки дар беморхонаҳо ройгон дода мешуд, аз сӯи ҳукумат дар ихтиёри беморхонаҳо гузошта шуда буд”, таъкид дошт Юсуф Раҳмон, Прокурори генерали Тоҷикистон.

Прокурори генералии Тоҷикистон дар зимн ба шарҳи гуфтугузорҳо дар бораи сирқат ва фурӯши кӯмакҳои башардӯстона дар замони паҳншавии “вируси корона” пардохта, гуфт, фурӯши доруҳое, ки ройгон ҳамчун кумаки башардӯстона ба кишвар ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст ва доруҳо ба беморон ройгон тақсим мешаванд.

Ҳамзамон Юсуф Раҳмон таъкид дошт, ки агарчи мавориди фурӯши доруҳои аз ҳисоби кумаки башардӯстона воридшуда сабт нашудааст, аммо ҳолатҳои бо нархҳои баланд фурӯхтани дору дар дорухонаҳои кишвар ҷой доштанд.

“Масалан нархи доруе, ки 70 сомонӣ буд то 600 сомонӣ фурӯхта шуд. Инхел ҳолатҳо аз ҷониби кормандони прокуратура ошкор шуда буд. Вобаста ба ин беморӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон 270 пешниҳод оварда шуда, 231 амр ирсол гардидааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони прокуратура 478 истеҳсолоти интизомӣ 2190 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 130 парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст”, - гуфт Прокурори генералии Тоҷикистон.

Прокурори генерали Тоҷикистон ба сарусадоҳо дар бораи табобати пулакии “вируси корона” дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ низ пардохта, гуфт, то имрӯз ягон шикояте аз маризон дар бораи пул гирифтани пизишкон барои табобат нарасидааст.

“Табобати Ковид-19 дар беморхонаҳо ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст. Ҳадди ақал дар дасти ман маълумоте нест, ки пизишки ин ё он бемористон пулакӣ хизмат расонда бошад. То имрӯз на ба Прокуратураи генералӣ ва на ба прокуратураҳои минтақавӣ дар бораи фурӯхтани катҳои хоб низ ягон шикоят ворид нашудааст”, - гуфт Прокурори генералии Тоҷикистон.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин нафар аз хизматрасонии пулакӣ ва фурӯши катҳои хоб дар бемористонҳои Тоҷикистон шикоят карда буданд. Аз ҷумла корбарони интернет шикоят доштанд, ки дар рӯзҳои сангини густариши “вируси корона” пизишкон аз фурсат истифода бурда, пулакӣ ба мардум хиззмат мерасонанд.

Юсуф Раҳмон таъкид дошт, ки аз рӯзҳои аввали пайдоиши «вируси корона» дар Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти давлат дар Прокуратураи генералӣ ситоди пешгирии паҳншавии Ковид-19 ташкил ва санҷиши вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шуд.

“Дар натиҷаи санҷиш прокуратура чӣ камбудиҳое, ки ошкор намуд, ба вазири тандурустӣ пешниҳод кард ва камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби вазорат бартараф шуданд”, - гуфт Прокурори генералӣ.

 Вай аз дастгирии бевоситаи ҳукумати кишвар ва Президент ёдовар шуда, гуфт, дар беморхонаҳои Тоҷикистон беморон озод ва ройгон қабул ва дар сатҳи зарурӣ ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад.

“Ҳамин тавр, сатҳи паҳншавии “вируси корона” дар ҷумҳурӣ пешгирӣ карда шуд. Дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо ҷаҳон марги ношӣ аз «вируси корона» аз ҳама камтарин аст. То имрӯз дар Тоҷикистон омори хеле кам – марги ҳамагӣ 53 нафар аз «вируси корона» ба қайд гирифта шудааст”, -  гуфт Юсуф Раҳмон.

Барчаспҳо:
ҷиноят, Прокурори генералӣ, маризии қалб, вирус, Юсуф Раҳмон, Додситони кулл, додситон

Мавзӯъҳои асосӣ