11:07 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Дар умум нисбат ба нимсолаи соли 2019 дар Тоҷикистон ҷиноят 2 дар сад камтар содир шуда, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба маротиб камтар шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки хушбахтона нимсолаи аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят, аз ҷумла ҷинояти вазнин коҳиш ёфтааст.

"Дар нимаи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон 12 293 ҷиноят содир гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 256 ё 2 дар сад кам мебошад", - гуфт вай дар посух ба суоли хабарнигорон.

“Пневмония шуда будам”: Юсуф Раҳмон дар бораи ҷиноятҳои давраи “вируси корона”

Тавре ҷаноби Раҳмон тавзеҳ дод, дар ҳамин ҳол бархе намудҳои ҷиноятҳо афзоиш ёфтаанд, аммо шарҳ надод, ки кадом.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар кишвар ба маротиб камтар шудаанд. Масъалан, ҷинояти "бандитизм", ки соли гузашта 5 ҳолати он ба қайд гирифта шуда буд, имсол ба "сифр" баробар аст.

"Одамкушӣ ва сӯиқасд ба омдамкушӣ, соли гузашта 48 ҳолат буд, имсол 35 ҳолат - 27 фоиз камтар шудааст, ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин 56 адад содир шудааст, соли гузашта 62 адад буд - 9,6 фоиз кам шудааст, хариду фурӯши одамон 10 ҳолат буд ва имсол низ 10 ҳолат, ғоратгарӣ 8, 1 дарсад кам шудаст, қаллобӣ 23,1 фоиз кам шудааст, бандитизм ягон ҳолат содир нашудааст", - афзуд Юсуф Раҳмон.

Мавзӯъҳои асосӣ