10:19 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96301

Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон мавориди гирифтории афсарону сарбозони тоҷик ба “вируси корона” – ро эътироф кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Икром Зоирзода, муовини прокурори генералӣ ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, пандемияи “вируси корона” ба қисмҳои низомии артиши Тоҷикистон низ расида, иддаеро мубтало кард.

“Мо аз 30 апрел, рӯзе, ки аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар эълон шуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии он дар ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон мулоқоти наздикону пайвандон бо ҳайати шахсиро маҳдуд кардем. Ин то ҷое пеши паҳншавиро гирифт. Дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ, албатта, ҳолатҳои сироятёбӣ, аз ҷумла миёни афсарон сабт шудааст. Хушбахтона, ҳолати фавт вуҷуд надорад”, - гуфт Икром Зоирзода.

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар ин маврид рақами мушаххасеро ироа накард, аммо гуфт, ҳамаи маризон дар шифохонаҳои ҳарбӣ таҳти тадовӣ гирифта шуда, то ба ҳол ҳар ҳафта на кам аз ду маротиба қисмҳои ҳарбӣ тамиз карда мешаванд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 30 апрел то бегоҳи 13 июли соли равон дар кишвар 6595 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аз ин теъдод 5278 нафар ё худ 80% шифо ёфта, 55 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Барчаспҳо:
эътироф, тоҷик, сарбоз, афсарон, Прокуратура, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ