10:14 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Прокуратаи генералии Тоҷикистон парвандаи як гуруҳи бузурги муттаҳамон барои узвият дар созмони “Бародарони мусулмон” – ро ба суд фиристодааст

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон, имрӯз, 14 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод эълон кард, ки парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба додгоҳ ирсол шудааст.

“Тафтиши парвандаи як гуруҳи калони аъзои созмони экстремистӣ – террористии “Бародарони мусулмон” дар Прокуратури генералии Тоҷикистон такмил шуда, тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди олӣ ирсол карда шуд. Нисбати 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, кофтуков эълон шудааст”, - гуфт Абдуғаффор Ҳикматуллозода.

Бори аввал Прокуратураи генералии Тоҷикистон моҳи январ таъйид карда буд, ки 113 нафарро бо гумони узвият дар созмони "Бародарони мусулмон" боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Он замон Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, боздошти “садҳо нафар” – ро рад карда, дар шарҳи теъдоди боздоштшудаҳо гуфт, дар миёни онҳо як корманди мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, зиёда аз 20 нафар аз донишгоҳҳои олӣ, намояндагони дигар мақомоти ҳукуматӣ низ ҳузур доранд.

19 март Прокурори генералӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон эълон кард, ки аз аввали сол 314 муттаҳам дар узвият ба “Бародарони мусулмон” ошкор шуда, беш аз 150 нафарашон боздошт гардидаанд ва амалиёти ошкорсозиву боздошти аъзои дигари созмон идома дорад.

“Бародарони мусулмон” ё “Ихвон-ул-муслимин” ҳанӯз соли 2006 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба рӯйхати созмонҳои мамнуъи экстремистӣ-террористӣ ворид карда шудааст. Соли 2016 20 имомхатиби масҷидҳои вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ аз 3 то 4 – солӣ равонаи зиндони низомаш шадид шуда буданд.

Таъйид: боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Бародарони мусулмон"

"Ихвон-ул-муслимин" як созмони мазҳабву сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияташ ба тамоми кишварҳои арабӣ густариш ёфт. Ин созмон дар Миср соли 2011 аксарияти курсиҳои парлумонро ба даст овард. Як сол пас Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи ин созмон дар интихоботи президентӣ пирӯз омад. Аммо соли 2013 ӯ аз сӯи низомиёни он кишвар боздошт, ҳамзамон “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср созмони террористӣ эълон шуд. Мурсӣ соли 2019 дар толори додгоҳ аз сактаи қалб ҷон дод.

Мавзӯъҳои асосӣ