19:13 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3123 0 0

Ҳудуди 130 устоди донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар давраи пандемия дар ҷумҳурӣ ба сифати пизишк фаъолият карданд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Панҷ омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пайи сироят аз коронавируси навъи нав ҳалок шуданд, хабар дод ректори донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшоҳ Гулзода.

Тавре ӯ афзуд, дар давраи пандемия дар Тоҷикистон 129 устоди Донишгоҳи тиббӣ ҳамчун пизишк низ фаъолият карданд. Афзун бар ин, дар мубориза бо коронавирус 18 донишҷӯи курсҳои болои донишгоҳи мазкур шарик буданд.

"Мутаассифона, аз ин вирус 5 устоди донишгоҳи мо ҳалок шуданд", - таъйид кард вай.

Ба гуфтаи Гулзода, новобаста бо пандемия, дархостҳо аз ҷониби давталабони хориҷӣ зиёданд.

"Имтиҳонот тариқи онлайн баргузор мешавад ва дарс барои донишҷӯёни хориҷӣ аз 1 октябр сар мешавад", - гуфт ректор.

Имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур 1,5 ҳазор донишҷӯён аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҳиндустон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Марги Абдуалӣ Тоиров: пирӣ, пневмония ё “вируси корона”?

Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон дар муддати аз 30 апрел то 16 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6741 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5431 нафар ё худ 80,5%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ