00:45 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
168711

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархнома ё тарифи хизматрасониҳои пулакии ҳудуди 30 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбиро таъйид кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Абдумаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, ин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нархномаи нави хизматрасониҳои пулакӣ, яъне шартномаи таҳсили донишҷӯён дар гуруҳҳои шартномавӣ барои соли таҳсили 2020 – 2021 барои мувофиқа пешниҳод карда, хостори афзудани нархнома ба андозаи аз 10 то 40% шуда буданд.

“Далели онҳо ин буд, ки маоши кормандони соҳаи маориф тибқи фармони Президенти Тоҷикистон аз 15 то 20% зиёд карда шудааст, ё нархҳои молу маҳсулот ва хизматрасониҳо дар кишвар, сатҳи таваррум афзудааст. Бо ин вуҷуд, мо ба назардошти вазъи иқтисодии аҳолии кишвар ба ин натиҷа расидем, ки нархномаи хизматрасониҳои онҳоро аз 8% зиёд накунем”, - гуфт Абдумаҷид Муминзод.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, нархномаи 19 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҳар як Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Гимназияи хусусии Тоҷикистон, Литсейи касбии тахникии сохтмони шаҳри Душанбе, Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба 8% ва иддаи дигар ҳам ба фоизҳои мухталиф, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 5 то 8% боло бурда шуд.

Инчунин нархномаи таҳсил дар Донишгоҳи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд - 5%, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе - 5,4 – 5,8%, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон - 3,3%, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - 4,6 – 5,4% ва Донишгоҳи давлатии Данғара - 5% зиёд карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба пешниҳоди 6 муассисаи дигар - Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ – металургии Тоҷикистон, Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав посухи рад дода, хизматрасониҳои пулакии онҳоро бетағйир гузоштааст.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шарҳи ин адами мувофиқа гуфт, бино ба таҳлилу баррасиҳо, дар ин муассисаҳо зарурати зиёд намудани нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ ҷой надорад, аз сӯи дигар, дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020 – 2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст.

“Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ба чунин ихтисосҳо маблағи шартномаи онҳоро боло набурдем. Мо ҳатто шартномаи таҳсили 28 ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки ҳамагӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буданд, бетағйир монондем”, - гуфт Абдумаҷид Муминзод.

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, пешниҳоди боз 5 муассисаи таълимӣ - Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Литсейи касбии сайёҳӣ ва хизмати шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳоро таъйид ё рад накарда, дар нақша гузоштааст.

Барчаспҳо:
донишгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ