Баррасии вазъи мушкил дар марз: мулоқоти муовини вазир ва сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овардааст, изҳори нигаронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бо дархости ҷониби Озарбойҷон муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Мамедзода мулоқот кардааст. Дар ин бора ВУХ Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти иҷрои тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад манбаъ.

Ҳамсуҳбатон инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳонаеро, ки аз 12 июли 2020 боз дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон рух медиҳанд, муҳокима намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овардааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Изҳороти расмӣ: Тоҷикистон аз Озорбойҷон ва Арманистон даъват ба оташбас кард

Изҳори умедворӣ шуд, ки низоъ ҳар чи зудтар бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал гардад.

Ёдрас мешавем, муноқиша дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон, рӯзи 12 июл оғоз ёфт ва акнун шаш рӯз мешавад, ки ноамниҳо дар  ноҳияҳои ҳамсояи Товуз ва Тавуш, ки бо Гурҷистон ҳамсарҳад ҳастанд, идома дорад.

Гуфта мешавад, дар макони тирандозӣ дар наздикии деҳаи Мовсес постгоҳҳои низомӣ ҷойгир шудаанд.

Арманистону Озарбойҷон дар тирандозӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Дар робита ба вазъи мавҷуда, созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд кишварҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҳар ду ҷонибро ба муколама даъват мекунанд.

Русия низ ба ҳар ду ҷониб барои расидан ба сулҳ пешниҳоди кумак намудааст.

Лентаи хабарҳо
0