Муовини сарвазир дар Файзобод: таъсис гурӯҳи корӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники, архивное фото
Медицинские работники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Файзобод қарор дорад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини сарвазир дар ноҳия Файзобод бо  ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус  хуруҷи мавҷи дуюмбораи COVID - 19,  табобати беморон,  бунёди беморхонаи сироятӣ ошно хоҳад шуд.

Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки гурӯҳи корӣ ба омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш,  таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлӣ ва президентӣ аз ҷониби аҳолӣ ошно хоҳанд шуд.

Муовини Сарвазири мамлакат зимни вохӯриву бо аҳолӣ  таъкид намудааст, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди  гирифторшавӣ  ба бемории сироятии  COVID – 19 коҳиш ёфта бошад ҳам, ин набояд боиси фориғболиву беэътиноии шаҳрвандон  гардад.

“Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифториашон аз ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, хуруҷи нави гирифторӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе давлатҳо чораҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Эмин мондан аз ин таҳдид аз масъулиятнокии ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри сироят наёфтан ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии он гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштро  риоя намуда, дар ин давраи басо ҳассос тибқи тавсияи  мутахассисон рафтор кунем ва саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоем”, -зикр кардааст Ширин Исматуллозода.

Лентаи хабарҳо
0