01:15 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
706 0 0

Кормандони милисаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ба роҳгузарон ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим намуда, ба онҳо оид ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон маълумот доданд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бо ибтикори кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон, таҳти унвони "Худро аз бемории COVID-19" ҳифз намо!" амалиёт баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Дар доираи ин амалиёт кормандони милиса ба роҳгузарони маркази ноҳия ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим намуда, ба онҳо оид ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон маълумот дода, даъват карданд, ки нисбати саломатии худ ва атрофиён бетараф набошанд.

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

"Дар ин рӯз байни сокинони маркази ноҳияи Рӯшон 1 ҳазору 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, 700 адад маҳлулҳои антисепитикӣ, наздик ба 300 дона дастпӯшакҳои яккарата ройгон тақсим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки баргузоркунандагони амалиёти мазкур ҳамзамон ба сокинони  ноҳия  зарурати ворид намудани тағъйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ доданд.

COVID- 19 тӯй ва талоқро дар Тоҷикистон кам кард

"Дар ин шабу рӯз ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба саломатии худ, аҳли оила ва ҷомеа ҷиддӣ муносибат намояд. Маҳз таъсири чунин чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ буд, ки аз шиддати паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ноҳияи Рӯшон ҳамагӣ 20 нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки ҳамаашон табобат ёфтанд" , — гуфт сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Рӯшон Ҷӯрахон Зикрёзода.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
Барчаспҳо:
хатар, тақсим, милисаҳои тоҷик, таҳдид, вируси нав, Рӯшон

Мавзӯъҳои асосӣ