04:31 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе масъулини соҳаи барқи пойтахтро беэътино номидааст. Вай шикояти сокинонро аз қатъи барқ мисол овардааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар рафти иҷлосияи вакилони халқи Душанбе аз кори масъулини соҳаи барқ изҳори нигаронӣ намудааст.

Ӯ таъкид бар он кардааст, ки аз баъзе шаҳраку маҳаллаҳои  шаҳр сокинон зиёд аз қатъи қувваи барқ ба мақомот шикоят мебаранд.

"Танҳо дар шаш моҳи соли 2020 198 муроҷиат дар ин хусус ба қисми навбатдории мақомот ворид шудаааст, ки аз бэътиноии масъулини соҳа дарак медиҳад", - таъкид кардааст вай.

Ёдрас мешавем, дар назар аст, ба наздикӣ дар пойтахт низоми муосири назорат ва ҳисоби нерўи барқ ҷорӣ шавад.

Низоми биллингӣ  дар Душанбе, ки дар назар барқ тариқи пешпардохт таъмин шавад, бо харҷи наздики 900 миллион сомонӣ дар пойтахт амалӣ мегардад.

Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи “Авесто гуруҳ”, ки роҳандозии низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо харҷи наздики 880 миллион сомониро ба уҳда гирифтаст, қаблан гуфт, насби ҳисобкунакҳо ройгон сурат хоҳад гирифт.

Дар доираи низоми биллингии таҳиякардаи ширкати “Авесто гуруҳ” танҳо дар ноҳияи Сино насби 95 ҳазор дона ҳисобкунак бо харҷи умумии 340 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ дар Душанбе насби 250 ҳазор ҳисобкунак пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 880 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Барои татбиқи низоми биллингӣ, ки барқ тариқи пешпардохт ироа мешавад, Ҳукумат созишнома бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро имзо карда, Маҷлиси намояндагон аввали соли равон ба тасвиб расонд.

Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки “Авесто Гурӯҳ” вазъи низоми энергетикии Душанберо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омӯхта, барои татбиқи низоми биллингии миллӣ иқдом гирифтааст.  

Ӯ иттилоъ  дод, “Авесто гуруҳ” азм дорад, бо ҷалби 88 миллион доллари худӣ низоми назорату ҳисоби пули барқро дар Душанбе пурра автоматӣ кунад.

Чаро барқро мекушанд? Шикоятҳои мардум ва шарҳи “Барқи тоҷик”

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар модели пешгирифтаи “Авесто гуруҳ” дар назар гирифта шудааст, ки ҳар сол муштариёни барқ се дарсад ва нархи барқ 5 дарсад афзоиш меёбад. Ин ширкат ният дорад, талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахт то 12 дарсад коҳиш диҳаду ҷамъоварии пули барқи истифодашударо дар сатҳи 99 дарсад таъмин созад.

Мавзӯъҳои асосӣ