Нигаронии прокурори Суғд аз қарорҳои ғайриқонунии раисон ва омори бардурӯғ

© Sputnik ТаджикистанҲабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд
Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд гуфт, баъзе аз масъулини шаҳру ноҳияҳо дар вақти ироаи маълумотҳои оморӣ ба дуруғнависӣ даст задаанд

ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Прокурори вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ дар бораи маълумотҳои бардуруғи омори кишти зироат ва қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо таъкид кард.

Ҳабибулло Воҳидов афзуд, санҷиши кормандони прокуратура муайян намудааст, ки баъзе шахсони масъул дар мавриди заминҳои парвариши картошка ба ҳисоботҳои оморӣ, маълумотҳои қалбакӣ ва сохтакорона пешниҳод кардаанд.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
13 корхонаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ ниқобҳои тиббӣ истеҳсол кард

“Ҳамаи мо медонем, ки Президенти кишвар оиди мақсаднок истифода бурдани замин ва ба роҳ мондани кишти картошка ҳамеша таъкид меварзанд. Танҳо дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, як санҷиши прокурорӣ муайян кард, ки зиёда аз 303 га замин, ки гуё картошка кишт карда бошанд дар маълумотҳои оморӣ ҳамроҳ кардаанд, аммо дар асл ин тур нест ва кишти ин навъ зироат вуҷуд надорад. Бинобар ин ҳолатҳо нисбати шахсони масъул, барои масъулияти худро иҷро накардан ва роҳ додан ба сохтакории ҳисоботҳои оморӣ, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд”, - гуфт Воҳидов.

Прокурори Суғд зикр кард, ки дар мавриди назорати иҷрои қонунгузории замин давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4314 гектар заминҳое, ки ғайримақсаднок истифода шуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Воҳидов таъкид намуд, ки миқдори зиёди чунин заминҳо ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент рос меояд.

“Масъалан раиси ноҳияи Айнӣ дар асоси қарорҳои ғайриқонунии худ ба хоҷагиҳое, ки умуман ба парвариши чорво машғул нестанд, 3347 гектар замин вобаста намудааст. Дар ҳоле, ки ин хоҷагиҳо ягон сар чорво надоранд ва баъзеяшон дар ҳудуди Суғд фаъолият ҳам намекунад. Мувофиқи қонунгузории замин, чарогоҳҳо бояд ба он хоҷагиҳое вобаста карда шаванд, ки худи хоҷагиҳо ба парвариши чорво машғул ҳастанд ва ҳатто миқдори замин аз рӯи саршумори чорво муайян карда мешавад. Аз ин лиҳоз қарори раисон бекор ва заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд”, - гуфт прокурор.

Дар нишасти матбуотии прокуратураи Суғд хабар доданд, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо 176 эътироз оварда шудааст, ки аз ин ҳисоб 152 маврид танҳо оиди масъалаи қонунгузории замин будааст.

Лентаи хабарҳо
0