04:31 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
430 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли борони суст дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ