Шарҳи ВУД аз кордкашии марди 35-сола дар Истаравшан

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаиТоҷикистон ҳодисаи кордкаширо дар шаҳот мазкур тавзеҳ додааст. Ҷабрдида ба беморхона интиқол ёфта, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса чанд рӯз пеш сар задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳар бародари 22-сола худро бо корд зада кушт

"Номбурда санаи 17-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 21:00 дар кӯчаи Д.Боло аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пушташ задааст", - менависад ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0