Дар Хуҷанд донишкадаи нав ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБиологический факультет МГУ
Биологический факультет МГУ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Хуҷанд Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис меёбад. Он дар заминаи факултети фанҳои дақиқ ва технология ташкил хоҳад шуд

 ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Бо иқдоми як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов ва Комилҷон Комилов дар шаҳри Хуҷанд Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора  хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард
Бино бар иттилои манбаъ, бунёди ин муассисаи олӣ дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, бунёди донишкада дар заминаи факултети фанҳои дақиқ ва технология факултети муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо фарогирии ихтисосҳои ҳамгироии биология-химия, математика-физика, математика-информатика, география-иқтисодиёт, технология-информатика, экологияи умумӣ,  баҳисобгирии бухгалтерӣ, биотехнология, селексия ва тухмипарварӣ, агрохимия ва хокшиносӣ, менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинг- дар маҷмӯъ 20 ихтисос пешбинӣ шудааст.

Дар Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникӣ ба истифода дод шуд

Донишкадаи мазкур аз 68 синфхона, 8 озмоишгоҳ, 20 кабинети фаннӣ, 5 синфи калони лексионӣ, китобхонаи электронӣ, ошхона, хобгоҳ иборат буда, имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад. Таҳсил дар донишкада тариқи шартнома буда, шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дорад.

Омӯзонидани технологоияи муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаби замон асоси фаъолияти ин муассисаи олиро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки бо роҳандозии донишкадаи мазкур норасоии кадрҳои илмҳои дақиқ дар макотиби миёна ва таъмини мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти хоҷагии халқ мусоидат хоҳад намуд.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаи олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехтикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият доранд.

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0