11:23 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
463 0 0

“Тоҷиксуғурта” ба чор нафар барои маризӣ аз “вируси корона” пули суғурта додааст гуфт, муовини аввали раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Абдулло Абдуллоев, муовини аввали раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ба ду нафар – як муовини сардори раёсат ва як корманди тиббии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам ду корманди ҳукуматҳои навоҳӣ ба ҳар яке аз онҳо ба маблағи 5 800 сомонӣ суғуртапулӣ додаанд.

"Инҳо бо мо шартнома баста, суғурта шуда буданд. Аз ин хотир, мо ба онҳо маблағи суғуртаашонро пардохт кардем”, - гуфт Абдулло Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси “Тоҷиксуғурта”, ин ниҳод дар дастуруламал ва қоидаи суғуртаи худ тағйирот ворид намуда, маризии марбут ба пандемияро ҳамчун ҳодисаи суғуртавӣ ворид намудааст.

"Бо бонки миллии Тоҷикистон инро ба мувофиқа расонидем. То пайдо шудан ин маризӣ ҳодисаи суғуртавӣ ҳисобида намешуд. Маризиҳои сироятӣ умуман ҳодисаи суғуртавӣ ҳисобида намешуд. Мо ҳам ба хотири саҳм гирифтан дар ин маъракаи мубориза ва дастгирӣ кардани мардум онро ҳодисаи суғуртавӣ қабул кардем”, - гуфт Абдулло Абдуллоев.

Мавсуф дар шарҳи ин, ки шароити суғурта кардан чӣ гуна хоҳад буд, гуфт, ҳар кас метавонад худро суғурта кунад ва дар ҳолати зарурӣ аз “Тоҷиксуғурта” маблағ дарёфт намояд.

"Агар ба 100 сомонӣ худро суғурта кунад, ҳудуди 1000, агар 200 сомонӣ – 2 ҳазор ва ба ҳамин тартиб, маблағ ҳар чӣ бештар мешавад, пули суғурта ҳам афзоиш меёбад”, - гуфт Абдулло Абдуллоев.

Тибқи иттилои “Тоҷиксуғурта”, тайи ним соли гузашта ин корхона ба 5 ҳазору 439 нафар зарардида ҷуброни суғуртавиро ба маблағи 2 миллиону 422, 2 ҳазор сомонӣ пардохт намудааст, ки 17,4 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил дода, 441, 5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби суғуртаи ҳатмӣ ва 1 миллиону 980,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби суғуртаи ихтиёрӣ аст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, суғуртаи тиббӣ, суғурта, "Тоҷиксуғурта"

Мавзӯъҳои асосӣ